• 735700, ш. Хуҷанд, 16-ум микроноҳия, дар паҳлӯи БДА-и вилоятӣ
  • +992 927718630, +992 927426163
  • info@ranginkamon.tj

Вебинари онлайнӣ

Нашр шуд: 26 фев. 2021 Хонда шуд: 464

Бо ташаббуси ташкилоти ҷамъиятии “Рангинкамон” ва дастгирии Иттиҳодияи Аврупо оид ба кӯдакии барвақтӣ ва дахолатӣ барвақтӣ (EAECI) вебинар оғозан аз санаи 3-уми марти соли равон доир мегардад. Мақсади вебинар ин ба волидайн нишон додани роҳ, таҷриба ва дониши дахолати барвақтии кӯдакон ба ҳисоб меравад.  Ин вебинар ба он мусоидат менамояд, ки волидайн, мутахассисон, муҳаққиқон ва амалкунандагон бо роҳҳои  осон ва барои ҳама дастрас дониш ва таҷриба мегиранд. Вебинар аз санаи 3-уми март то 5 март идома карда, дар дафтари кории Ташкилоти ҷамъиятии “Рангинкамон” доир мегардад. Дар вебинар мутахассисони баландихисоси байналмилалӣ ба монанди Жозе  Боавида, Мэрлин Эспе-Шервиндт, Ана Серрано, Нур Ван Лоен ва София Лопес иштирок мекунанд.