• 735700, ш. Хуҷанд, 16-ум микроноҳия, дар паҳлӯи БДА-и вилоятӣ
  • +992 927718630, +992 927426163
  • info@ranginkamon.tj

Маркази тавонбахшии «Бойчечак»

Кўмаки бармаҳал ба кӯдакон ва оилаҳои онҳо дар тамоми ҷаҳон ба яке аз самтҳои афзалиятноки ҳифзи саломатӣ, маориф ва ҳифзи иҷтимоӣ табдил ёфтааст. Рушд ва таъсис додани системаи дастгирии кӯдакони хурдсол дар таҷрибаи ҷаҳонӣ зиёда аз даҳ сол идома ёфтаааст. Дар аввали солҳои 70-уми асри гузашта муваффақиятҳои дар ин роҳ бадастомада ба он оварда расониданд, ки дар бисёр кишварҳо минтақаи фаъолият, ки «Дахолати барвақтӣ» ном дорад, бузургтарин лоиҳаи иҷтимоӣ баро ҳифзи кӯдакони дорои нуқсонҳои инкишоф гардид.

Мисли тамоми ҷаҳон дар Тоҷикистон, барои омодагӣ ва расионидани кӯмаки бармаҳал ба кӯдакон ва оилаҳои онҳо чун омилҳои ҳавасмандкунанда инҳо буданд:

  • Афзоиши шумораи кӯдакони дорои нуқсонҳои инкишоф ҳангоми таваллуд
  • Афзоиши шумораи оилаҳои аз ҷиҳати иҷтимоӣ ноустувор (оилаҳои бепадар; оилаҳои бениҳоят камдаромад; оилаҳое, ки манзил надоранд ва ғайра)
  • Афзоиши шумораи издивоҷи хешутаборӣ

Мақсади асосии маркази «Бойчечак»

Мақсади асосии Маркази тавонбахшӣ ва дахолати барвақтии “Бойчечак”: Дар марҳилаи ибтидоии аз 0 то 6-сола муайян кардани муаммо дар инкишоф, муайян намудани кӯдакони дорои маъюбият дошта ва барои рафъи муаммоҳо дар рушд ва тарбият ба волидон расонидани кӯмаки иҷтимоӣ-равонӣ.

Вазифаҳои Марказ:

1. Муайян кардани нофаҳмиҳо дар кӯдакони хурдсол, ки ба кӯмаки махсуси бармаҳал ниёз доранд.
2. Ислоҳи саривақтӣ ва пешгирии тамоюли ақибмонӣ дар рушди кӯдаки хурдсол.
3. Кӯмаки ҳамаҷониба ба оилаи кӯдаки хурдсол дар муҳити табиӣ.
4. Иштирок дар ҳамоҳангсозии кӯмаки ҳамаҷониба ба кӯдакон ва оилаи онҳо аз ҷониби мақомоти тандурустӣ, маориф ва ҳифзи иҷтимоӣ.
5. Кӯмаки методӣ ба омӯзгорони муассисаҳои таълимӣ дар ташкил ва рушди таҳсилоти фарогир.
6. Дастгирии омӯзгорони муассисаҳои таълимии томактабӣ ҳангоми интиқоли кӯдакони дорои нуқсонҳои инкишоф аз барномаи Дахолати барвақтӣ ба муассисаҳои таълимӣ.
7. Маълумотдиҳӣ ба аъзоёни шабакаи Дахолати барвақтӣ ва фарогирӣ дар бораи корҳои иҷрошуда.