• 735700, ш. Хуҷанд, 16-ум микроноҳия, дар паҳлӯи БДА-и вилоятӣ
  • +992 927718630, +992 927426163
  • info@ranginkamon.tj

Шабакаи минтақавии «CBR Sugd»

Қарор дар бораи таъсиси шабакаи минтақавии "CBR Суғд" дар семинари "Рушди ҳамкориҳои шабакавӣ дар татбиқи барномаҳои CBR дар вилояти Суғд", ки 9 апрели соли 2015 дар шаҳри Хуҷанд баргузор гардид, қабул карда шуд. Намояндагони ташкилотҳои ҷамъиятии маҳаллӣ, ташкилотҳои байналмилалӣ, муассисаҳои давлатӣ, ҳукумати маҳаллӣ ва ташкилотҳои волидони кӯдакони маъюбдошта ширкат варзиданд.

Мақсади ташкил: ташаккули сиёсати дарозмуддат, ки ба рушди барномаи ТСҶ (тавонбахшӣ дар сатҳи ҷомеа) дар ҷамоатҳо, шаҳрҳо ва ноҳияҳои вилояти Суғд дар заминаи шарикии самарабахши байнисоҳавӣ ва иштироки афзояндаи ҷамоатҳои маҳаллӣ, аъзои оилаи маъюбон ва худи шахсони дорои маъюбӣ дошта дар фаъолиятҳое, ки рушди фарогирро дар сатҳи ҷомеа дастгирӣ мекунанд, равона шудааст.

Давраи таъсисёбии Шабакаи минтақавии "CBR Суғд" аз ҷониби ташкилотҳои байналмилалии “Каритас-Олмон дар Тоҷикистон” ва “Филиали Институти Ҷамъияти Кушода”, “Фонди кӯмак дар Тоҷикистон” дастгирӣ карда шуд.

Аъзоёни Шабакаи минтақавии "CBR Суғд" 20 ташкилот, ки 17-тои онҳо ташкилотҳои ҷамъиятӣ (аз ин шумора 5 ташкилоти волидони кӯдакони имконияташон маҳдуд), 3 муассисаи давлатӣ мебошанд.

Фарогирии ҷуғрофӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, вилояти Суғд, минтақаҳо: Исфара, Деваштич, Панҷакент, Бобоҷон Ғафуров, Конибодом, Истаравшан, Бӯстон, Хуҷанд (дар вилояти Суғд 18 минтақа). Дар маҷмӯъ минтақаи фарогир 40% -и вилояти Суғд.

Ҳадафи Шабакаи минтақавии “CBR Суғд” то соли 2025 татбиқ ва таҳияи барномаи ТСҶ (тавонбахшӣ дар сатҳи ҷомеа) барои шахсони маъюб дар вилояти Суғд мебошад.

Вазифаҳои асосӣ:

  • Баланд бардоштани сатҳи огоҳии аҳолӣ дар бораи барномаи ТСҶ (тавонбахшӣ дар сатҳи ҷомеа)
  • Фароҳам овардани шароити мусоид барои таҳияи барномаҳои маҳаллии ТСҶ (тавонбахшӣ дар сатҳи ҷомеа)
  • Тарғиботи барномаи дахолати барвақтӣ

Аъзои Шабакаи минтақавии “CBR Суғд”

1. Ташкилоти ҷамъиятии "Манбаи Меҳр"-и ш. Хуҷанд
2. Ташкилоти ҷамъиятии "Нури Умед" -и шаҳри Панҷакент
3. Ташкилоти ҷамъиятии "Сарчашма" -и шаҳри Хуҷанд
4. Ташкилоти ҷамъиятии "Рангинкамон" шаҳри Хуҷанд
5. Ташкилоти ҷамъиятии "Пайванди Шаҳрвандӣ" шаҳри Конибодом
6. Ташкилоти ҷамъиятии "Мақсад" -и ноҳияи Деваштич
7. Ташкилоти ҷамъиятии "Волидони кӯдакони мушкилотдоштаи шаҳри Хуҷанд"
8. Ташкилоти ҷамъиятии "Навниҳолони Зарафшон" -и шаҳри Панҷакент
9. Ташкилоти ҷамъиятии «Чамани орзу»-и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров
10. Муассисаи таълимии томактабии № 10-и ҷамоати Хистеварз, ноҳияи Б.Ғафуров
11. Комиссия оид ба ҳуқуқи кӯдак дар назди Ҳукумати вилояти Суғд
12. Маркази кӯдакони имконияташон маҳдуди шаҳри Исфара
13. Шӯрои ҷамъиятӣ дар назди Ҳукумати вилояти Суғд
14. Ассотсиатсияи волидони кӯдакони имконияташон маҳдуди шаҳри Панҷакент
15. Ташкилоти ҷамъиятии "Меҳри Дил" -и шаҳри Истаравшан
16. Кумитаи падару модарони кӯдакони имконияташон маҳдуд дар Бӯстон
17. Ассотсиатсияи соҳибкорони вилояти Суғд
18. Маркази бӯҳронии "Гулрухсор" -и шаҳри Хуҷанд
19. АППР "НАУ" -и шаҳри Хуҷанд
20. Маркази пиронсолон ва маъюбон дар шаҳри Конибодом